Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди касбии милитсияи тоҷик ба як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ фаъолияти назаррас нишон додаанд, собиқадорон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ва кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои гаронқимат аз қабили телевизор, яхдон, чангашак, микроволновка, соати дастии занона ва мардона, суратгирак, кондитсионер ва дигар таҷҳизоти рӯзгорро ҷудо намуд
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин тӯҳфаҳоро дар фазои тантанавӣ аз номи Роҳбари Давлат Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ супорид. Дар мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру вилоятҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ бахшида ба Иди милитсия чорабиниҳои идона баргузор гардида, маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои гаронқимат: телевизор, яхдон, чангашак, микроволновка, соати дастии занона ва мардона, суратгирак, кондитсионер ва дигар таҷҳизоти рӯзгорро аз номи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ба кормандон, собиқадорон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ва кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, тақдим намуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то ба имрӯз мақомоти милитсия ҳамчун муборизи роҳи озодӣ, таъмингари волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва сипари боэътимоди давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тӯли 95-соли фаъолият баҳри иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманди хизматӣ, кӯшишу ғайрати худро дареғ надошта, ҳаёти осоиштаи кишвар ва иқтидори ояндаи давлатамонро таъмин намудаанд.




Нархи патент боз дар кадом минтақаи Русия гарон шуд? Ном ба ном
Сафорати Чин аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон ва Афғонистон хост, ки ба минтақаҳои марзӣ сафар накунанд
Аз имтиёзҳои нав ба довталабон то таъсиси пойгоҳи ягонаи электронӣ. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ тағйир ёфт?
Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ гармтар шуд
Марги як ҷавони 19-сола дар пайи муноқишаи гурӯҳӣ дар Русия. Расонаҳо гумонбарро зодаи Тоҷикистон мегӯянд
Дар радабандии нави ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 100-ум қарор гирифт
Қазияи муноқиша дар “Парламент”. Ба ҷойи додситони барканоршудаи Бӯстон то ҳол касе таъин нашудааст
“Тафтиш мекунем”. Вокуниши Толибон ба даргирӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон
Ҳушдори Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши барфи шадид дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 8
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста