Соли сипаришуда дар Тоҷикистон барои даст доштан дар фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ 144 нафар дастгир шуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар ин робита қайд кард, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 123 нафарон ба барассии судҳо фиристода шуда, тафтишот аз рӯи парвандаҳои боқимонда идома дорад.

«Миёни дастгиршудагон – 36 нафарашон аъзои созмонҳои фаъолияташон мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир», 11 тан аъзои «Ҷамъияти Таблиғ», 76 нафар аъзои Ҳаракати исломии Туркистон, ва 15 нафар аъзои «Ҷамоати Ансоруллоҳ мебошанд», - гуфт ӯ.

Мутобиқи маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, соли гузашта дар ҷумҳурӣ наздики 16,6 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 34 фоиз бештар аст. Зиёд шудани омор одатан ба беҳтар шудани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бақайдгирии беҳтари ҷиноятҳои содиршуда шарҳ дода мешавад.

 Шерхон Сализода ҳамчунин гуфт, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ, шумораи ҳодисаҳои худкушӣ то 48 дарсад ва бухусус дар вилояти Суғд афзудааст. «Соли гузашта 164 ҷинояти аз чониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва судҳо содиршуда ошкор гардид, ки аз онҳо 101 ҳодисааш ба сӯистифода аз вазифа ва коррупсия алоқаманд мебошад», - афзуд прокурори генералии ҶТ.