Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як гурӯҳи афроди гумонбар ба узвият дар гурӯҳи террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» боздошт шуданд.
Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Шариф Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки рӯзҳои 9-10-уми январи соли равон зимни як амалиёт дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ шаш нафар боздошт шудаанд, ки се нафари онҳо ба даст доштан дар амалҳои террористӣ гумонбар буда, боқимонда паноҳгоҳи онҳоро таъмин кардаанд.
Ба қавли ӯ, дар ҷараёни амалиёт онҳо муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷа як кормандони мақомоти интизомӣ ҷароҳат бардоштааст. «Боздоштшудагон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта, аз онҳо силоҳи оташфишон мусодира шуд», - гуфт Ш.Назаров.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки амалиёт идома дошта, дар бораи натоиҷи дигари он иловатан хабар дода мешавад.
Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ нисбати 72 нафар аъзои гурӯҳҳои динии ифротгаро, аз қабили созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва «Ҷамоати таблиғ» 11 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, пас аз тафтиш ба баррасии суд ирсол гардидааст.
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Обуҳавои моҳи аввали зимистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста