Рӯзи 18-уми январ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки амалиёти махсуси боздошти аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд идома дошта, тайи ҳафтаи ахир дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ беш аз 10 нафар афроди гумонбар ба узвият дар ин ҳаракат боздошт шудаанд.
Яке аз журналистон ба вазир дар бораи тайи ҳафтаҳои ахир ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ворид шудани даҳҳо афроди мусаллаҳ аз Афғонистон суол кард. Р.Раҳимов танҳо тасдиқ намуд, ки миёни боздоштшудагон шахсоне низ ҳузур доранд, ки ғайриқонунӣ марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур карда, минбаъд то дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд расидаанд, вале аз ифшои шумори онҳо худдорӣ намуд.
Дар робита ба амалҳои террористӣ дар соли интихоботи президентӣ низ ба вазир суол доданд. «Ин соли таърихӣ аст. Мо омода буда, бо дигар мақомот дар ин самт ҳамкорӣ дорем ва имконоти худро баҳри муқовимат бо террористон пурзӯр менамоем», - иброз дошт вай.
Ӯ аз шаҳрвандон низ даъват ба амал овард, ки ҳушёр бошанд, зеро террористони имконпазир аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шуда, дар шаҳрҳои бузурги кишвар манзил ба иҷора мегиранд, вале касе аз соҳибони манзил таваҷҷуҳ зоҳир намесозад, ки онҳо кистанд. «Дар ин самт ҳамкории мутақобилаи мақомоти милиса бо аҳолӣ зарур аст», - таъкид дошт вазир.
Бино ба маълумоти ВКД, соли 2012 аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 11 гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил (соли 2011 – 4 гурӯҳ) ошкор ва безарар гардонида шуда, 18 нафар аъзои он дар 225 ҷиноятҳои вазнин даст доштаанд.
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз натиҷаҳои музокирот бо Русия қаноатмандем”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2025
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста