Пас аз ваъдаи Кобули расмӣ оид ба тафтиши ҳодисаи айбдоркунии ширкати ҳавопаймоии хусусии афғонии Kam Air аз ҷониби амрикоиён бобати даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон, ИМА ба муваққатан аз «рӯйхати сиёҳ» хориҷ кардани ин ширкат розӣ шудааст.
«Ҳукумати Афғонистон ба баргузор намудани тафтишоти дақиқ ва дар сурати зарурат андешидани чораҳои дахлдор оид ба қазияи мазкур розӣ шуда, мо ба пешниҳоди маълумоти зарурӣ ҷиҳати дастгирии тафтишот омодаем», - гуфта мешавад дар изҳороти Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният дар Афғонистон (ISAF).
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ ҳарбиёни амрикоӣ ширкати калонтарини ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Kam air»-ро ба «рӯйхати сиёҳ»-и худ дароварда, дар интиқоли маводи нашъаовар муттаҳам хонданд ва таъкид намуданд, ки гуё тариқи ҳавопайоҳои ширкати мазкур маводи нашъаовар ба Тоҷикистон ворид шуда, пасон ба дигар минтақаҳо интиқол дода мешудааст.
Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ ин айбҳоро рад намуда, Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар аз ИМА пешниҳоди далелҳоро тақозо намуд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар ин робита расман изҳор намуданд, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ ягон маротиба ҳолати ошкор гардидан ва ё боздошти нафаре бо ҷурми интиқоли маводи нашъавоар дар фурудгоҳи Душанбе рух надодааст.
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Оғози ҷамъоварии маълумоти биометрӣ. Аз 1 декабр дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста