Аз ҷустуҷӯи ду нафар духтарчаи хурдсол, ки шоми 25-уми март дар яке аз кӯчаҳои серодами пойтахт бедарак шуданд, то ҳанӯз ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҷустуҷӯи хурдсолони гумшуда кормандони соҳибтаҷрибаву беҳтарини Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, кормандони фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, сагҳои хизматӣ ва даҳҳо нафар ихтиёриён ҷалб шудаанд.
Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев дар ин робита зикр кард, ки тамоми фарзияҳои ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дошта, баҳри пайдо кардани маълумот ва дарёфти ҳарчи зудтари онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мешавад.
Бино ба маълумоти Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, тамоми мавзеъҳои гирду атрофи макони ҳодиса мавриди назорат ва ҷустуҷӯ қарор дорад, зеро макони бедаракшавии духтарчаҳо ҷойи пуриздиҳом буда, онҷо марказҳои тиҷоратӣ, вокзал бозор ва иншооти зиёди бахши хусусӣ воқеъ аст.
Ба ҷустуҷӯ ҳамчунин ихтиёриёни гурӯҳи махсуси дар ин робита таъсисёфта дар шабакаи Фейсбук низ пайвастаанд. Чанде қабл онҳо акси яке аз духтарони бедаракшударо дар мавзеъҳои гуногуни шаҳр ширеш намуда, мардуми зиёдеро дар макони гумшавии онҳо пурсуҷӯ карданд.
Ёдрас мекунем, ки шоми 25-уми март, тақрибан соатҳои 16 дар Душанбе ду духтарчаи хурдсол - Малика Араловаи 6-сола ва духтари хурдсоли амакаш Сабина Араловаи 4-сола дар назди ҳавлии хонаашон машғули бозӣ буда, вале баъди чанде бедарак шудаанд. Волидайни онҳо дар ин бора ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат карданд.
Дар иттилои ВКД гуфта мешавад, онҳо аз манзилашон, ки дар суроғаи кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1 воқеъ аст, ба берун рафта, дигар бедарак шудаанд. Чорабиниҳи фаврии ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Нафароне, ки оиди дар куҷо будани онҳо маълумот доранд, метавонанд бо телефонҳои 91-900-12-00, 91-970-55-33 (Улуғбек ва Нигина Араловҳо) ва «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 дар тамос шаванд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста