Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ аз рӯйи далели убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо Афғонистон сокини 30-солаи ноҳияи Рӯшон Юсуф Расуловро боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ иттилоъ доданд, шаҳрванди боздоштшуда тавассути қаиқи худсохти резинӣ аз дарёи Панҷ ба он сӯи марз гузашта, муддати чанде дар Афғонистон қарор доштааст. Айни замон мақсади убури ғайриқонунии марз аз ҷониби ин шаҳрвандро таҳқиқ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ҳаммаслаки қочоқбарони афғон, ки аввали моҳи феврал дар қисмати Ишкошими марз безарар шуда буданд, низ ошкор гардидааст. «Ба гумони мусоидат ба қочоқбарони афғн донишҷӯи Донишгоҳи Осиёи Марказии шахри Хоруғ, шаҳрванди 23-солаи Афғонистон Алидод валади Мирдод боздошт шуд, ки аз қочоқбарон ба ивази 300 дона шишаи арақ овардани 1,5 кило героин ба ВМКБ-ро дархост намудааст», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки он замон дар натиҷаи як амалиёти вижа як тан аз шаҳрвандони Афғонистон куштаву ба ду нафар ҳамммаслакони ӯ паноҳ бурдан дар қаламрави кишвари ҳамсоя муяссар гардида, дар макони ҳодиса як адад автомати Калашников бо муҳимоташ дарёфт шуда буд.
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста