Чорабиниҳои ҷустуҷӯи ду нафар хурдсолони бедаракшуда – Малика ва Саибна Араловаҳо таҳти назорати шахсии вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов қарор гирифт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, вобаста ба ҳодисаи беномунишон гум шудани ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина дар таърихи 25 марти соли равон Фармони махсуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар бораи созмон додани гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ интишор гардида, қазияи мазкур зери назорати қатъии Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ва мутахассисона варзида созмон дода шуда, ҳама фарзияҳо оид ба бедарак шудани ноболиғони мазкур мавриди санҷиш ва тафтиши ҷиддӣ қарор дода шуда, тамоми чораҳои дахлдор барои дарёфти онҳо андешида мешавад.
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бори дигар аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки нисбати ноболиғони мазкур ягон маълумоте доранд ва ё онҳоро дар ягонҷо дидаанд, эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки дар ин бора тавассути «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва ё бо телефонҳои 91-900-12-00, 91-970-55-33 хабар диҳанд.
Чанде қабл сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев дар ин робита зикр кард, ки тамоми фарзияҳои ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дошта, баҳри пайдо кардани маълумот ва дарёфти ҳарчи зудтари онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мешавад.
Тамоми мавзеъҳои гирду атрофи макони ҳодиса мавриди назорат ва ҷустуҷӯ қарор дорад, зеро макони бедаракшавии духтарчаҳо ҷойи пуриздиҳом буда, онҷо марказҳои тиҷоратӣ, вокзал бозор ва иншооти зиёди бахши хусусӣ воқеъ аст.
Ба ҷустуҷӯ ҳамчунин ихтиёриёни гурӯҳи махсуси дар ин робита таъсисёфта дар шабакаи Фейсбук низ пайвастаанд. Чанде қабл онҳо акси яке аз духтарони бедаракшударо дар мавзеъҳои гуногуни шаҳр ширеш намуда, мардуми зиёдеро дар макони гумшавии онҳо пурсуҷӯ карданд.
Ёдрас мекунем, ки шоми 25-уми март, тақрибан соатҳои 16 дар Душанбе ду духтарчаи хурдсол - Малика Араловаи 6-сола ва духтари хурдсоли амакаш Сабина Араловаи 4-сола дар назди ҳавлии хонаашон машғули бозӣ буда, вале баъди чанде бедарак шудаанд. Волидайни онҳо дар ин бора ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат карданд. Онҳо аз манзилашон, ки дар суроғаи кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1 воқеъ аст, ба берун рафта, дигар бедарак шудаанд.
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Игор Черевченко сармураббигии “Истиқлол”-ро боз ба дӯш гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста