Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҳисоботи гурӯҳи махсуси оперативиро, ки бо фармони алоҳида оид ба ҷустуҷӯи ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина таъсис дода шуда буд, дар ҷаласаи фаврии наздаш шунид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир ҳисоботи ҳар як шахси масъулро шунида қайд намуд, ки вобаста ба масъалаи мазкур гарчанде корҳои зиёде гузаронида шуда бошад ҳам, вале дар самти кори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оиди ин масъала камбудиҳои ҷиддие ба назар мерасад, ки дар маҷмӯъ натиҷаи дилхоҳ надодааст.
Дар рафти ҷаласа ба гурӯҳи оперативӣ супориш дода шуд, ки ба масъалаи мазкур ҷиддӣ муносибат намуда, корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотиро, ки оид ба ғайб задани ноболиғон вобастагӣ дорад пурзӯр намуда, мӯҳлати дақиқ муайян кард.
Қобили зикр аст, ки аз замон бедарак шудани ду духтарчаи хурдсол - Малика Араловаи 6-сола ва духтари хурдсоли амакаш Сабина Араловаи 4-сола дар назди ҳавлии хонаашон дар яке аз кӯчаҳои пойтахт ду ҳафта сипарӣ шуда бошад ҳам, вале аз ҷустуҷӯҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.
Вобаста ба ҳодисаи беномунишон гум шудани ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина дар таърихи 25 марти соли равон Фармони махсуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар бораи созмон додани гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ интишор гардида, қазияи мазкур зери назорати қатъии Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.
Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ овозаҳои кушта дарёфт шудани духтарони хурдсол Араловаҳо ва гӯё аз ҷониби мақомот пинҳон доштани ин маълумот барои сар назадани воҳимаҳо миёни аҳолиро рад кард .
Ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қазияи бедарак шудани духтарони хурдсоли 6 ва 4-сола дар пойтахт изҳорот интишор намуданд.
Ёдрас мекунем, ки шоми 25-уми март, тақрибан соатҳои 16 дар Душанбе ду духтарчаи хурдсол - Малика Араловаи 6-сола ва духтари хурдсоли амакаш Сабина Араловаи 4-сола дар назди ҳавлии хонаашон машғули бозӣ буда, вале баъди чанде бедарак шудаанд. Волидайни онҳо дар ин бора ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат карданд. Онҳо аз манзилашон, ки дар суроғаи кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1 воқеъ аст, ба берун рафта, дигар бедарак шудаанд.
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Беморӣ аз ваҳму хиёл”
Чӣ гуна метавон забони яғнобиро ҳифз кард?
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста