Ба таъсиси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 20 сол пур шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар маросими ҷашни тантанавӣ ба ин муносибат вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, раиси КДАМ генерал-лейтенант Саймумин Ятимов, фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини раиси КДАМ - фармондеҳи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ Шералӣ Мирзо ва дигар меҳмонони олиқадр, собиқадорон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии вазири корҳои дохилӣ оғоз гардида, дар он паради ҳарбӣ, суруду мусиқии низомии оркестри нафасии Қӯшунҳои дохилӣ ҳусни дигар зам намуд.
Вазири корҳои дохилӣ аз давраи ҳассосу тақдирсози даврони тозаистиқлолияти кишвар ва саҳми Қӯшунҳои дохилии ВКД дар барқарор намудани сохти контстиутсионии мамлакат ва бо дастгириву сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ба ин сатҳи баланди касбӣ расидани ин сохтори низомӣ ёдовар гардида, қайд намуд, ки он нафароне, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан аз сафҳои Қӯшунҳои дохилӣ ҷони худро нисор намудаанд, ҳамеша дар ёди мардум ва дар дилу дидаи ҳамкасбон боқӣ хоҳад монд.
Ҳамчунин бо фармони вазири корҳои дохилӣ як қатор афсарону генералҳо ва кормандони фаъоли сохтори мазкур бо медали «20-солагии Қӯшунҳои дохилии ВКД» сарфароз гардонида шуданд, аз ҷумла, аввалин чунин медал ба Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, ки дар таъсису ташаккулёбии Қӯшунҳои дохилӣ саҳми арзанда доранд, тақдим карда шуд.
Зикр гардид, ки ҳамарӯза 270-300 нафар хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегиранд. Зиёда аз 150 нафар аз ҳисоби ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии ВКД шабонарӯзӣ ба ҳифзи иншооти давлативу низомӣ ҷалб шудаанд.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста