Созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли гузашта зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ба имзо расида буд, то ҳанӯз аз ҷониби ҳукумат барои тасдиқ ба палатаи парлумони ҷумҳурӣ фиристода нашудааст. Дар ин бора ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумон огаҳӣ ёфт.
Аввали моҳи июн вакилон ба таътили семоҳа мебароянд ва метавон тахмин кард, ки тасдиқи Созишнома аз ҷониби Тоҷикистон ҳадди ақал то тирамоҳ тӯл хоҳад кашид, аммо ҳолатҳое буданд, ки барои тасдиқи созишнома ва лоиҳаи қонунҳои ба истилоҳ таъҷилӣ ва муҳим вакилони МНМО ҶТ аз таътил бозпас даъват шудаанд.
Масалан, моҳи августи соли 2011 барои қабули қонун «Дар бораи афв» иҷлосияи ғайринавбатии палатаи поёнии парлумон даъват шуда, соли гузашта низ барои баррасии лоиҳаи Кодекси нави андоз вакилон аз рухсатӣ бозхонд шуда буданд.
Ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, ҳайати он ҳудуди 6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Аввали моҳи майи соли равон президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи тасдиқи Созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистонро ба имзо расонид.
Созишома бо Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2012 дар Душанбе ба имзо расида, муҳлати ҳузури пойгоҳ то 49 сол дароз карда шуд. Пойгоҳ муддати 19 сол (аз соли 1993) дар Тоҷикистон мустақар буда, тибқи созишномаи нав, он боз 30 соли дигар – то соли 2042 дар Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста