Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 14-солагии таъсисёбии Агентӣ чорабинии навбатии сӯзонидани маводи нашъадор баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони мақомоти интизомӣ ва намояндагони васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ дар оташдонҳои Агентӣ 297,4 кило маводи мухаддир, аз ҷумал 200,1 кило ҳашиш, 32,9 кило героин, 56,2 кило афюн, 3,9 кило морфин, як миқдор ҳабҳои метамфетамину МДМА ва маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида шуданд.

Ба иттилои манбаъ, маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 30 парвандаи ҷиноӣ истифода шуда, ҳукми суд нисбати онҳо мавриди амал қарор гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовар дар оташдонҳои он 14 тоннаву 266 кило маводи нашъаовар сӯзонида шудаанд.