Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расониданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин ҳодиса шаби рӯзи шанбе ба якшанбе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола ва Суҳробҷон Бобоеваи 15-соларо ба қатл расонидаанд.
«Санҷарбек Бобоев, кӯдаки 6-солаи оиларо ҷинояткорон дар ҳаммом маҳкам намуда, сипас аз сейф маснӯоти тилоӣ ба маблаги 30 ҳазор доллари ИМА-ро ғорат мекунанд ва баъди ин хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд», - зикр мегардад дар итттилои вазорат.
Гуфта мешавад, ноболиғ Санҷарбек Бобоев низ аз дуди оташ заҳролуд гашта, дар ҳаммомхона ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса бо фармони вазири корҳои дохилӣ гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, муовини вазири корҳои дохилӣ роҳбари гурӯҳ мебошад. Аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Суғд хабар дод, ин оила ба фурӯши маснӯоти тилоӣ машғул буда, яке аз фарзияи айни замон баррасишаванда ин аст, ки ҷинояткорон ба хотири азхуд кардани амволи кушташудагон ба ин амал даст задаанд.




Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста