Прокуратураи вилояти Суғд ҷиҳати монеъагузорӣ ба таҳқиқи парвандаи марги маҳбус Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 зимни боздошт эҳтимолан бар асари истифодаи шиканҷа фавтида буд, кӯшиш ба харҷ дод.

Санаи 12-уми апрел суди шаҳри Хуҷанд шикояти падари фавтида Ҷӯрабой Бобоевро нисбати шахсони мансабдори прокуратураи вилояти Суғд қисман қонеъ намуд.

Ба гуфтаи адвокати хизматгузориаш аз ҷониби Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшуда Абдураҳмон Шарифов, суд боздошти тафтиши парвандаи мазкурро ғайриқонунӣ эътироф намуда, онро барои тафтиши такрорӣ ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол намуд.

«Пас аз ин намояндаи прокуратураи вилояти Суғд бо талаби бекор кардани қарори суди шаҳри Хуҷанд эътирози хусусӣ пеш оварда, аммо ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии суди Вилояти Суғд рӯзи 5-уми июн ин эътирозро баррасӣ ва қарори суди шаҳри Хуҷанд аз 12-уми апрелро бинобар сабаби беасос буданиэътироз, бетағйир боқӣ гузошт», - гуфт адвокат.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли 2010 шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилояти Суғд аз рӯи далели марги боздоштшуда Исмонбой Бобоев парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар содир намудани ҷинояти мазкур кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров гумонбар дониста мешаванд.

Дар таърихи 25-уми июни соли 2010 бинобар сабаби бемории гумонбаршудагон баррасии парвандаи ҷиноии мазкур боздошта шуд. Баъди чандин маротиба шикоят бурдани Ҷӯрабой Бобоев ба Прокуратураи генералӣ, моҳи октябри соли 2010 тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур дубора барқарор карда шуд, аммо бо қарори муфаттиши прокуратураи вилояти Суғд аз 30-юми октябри соли 2012, бар асоси бемории гумонбаршудагон Шокиров ва Акбаров, баррасии парванда боз мутаваққиф гардид.

Исмонбой  Бобоев рӯзи 19-уми феврали сои 2010 аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров боздошт гардида, пас аз интиқол ба бинои раёсати мазкур ҳангоми бозпурсӣ ба ҳалокат расид. Ба эътиқоди хешовандону наздикони И.Бобоев, ӯ ба асари истифодаи шиканҷа ва методҳои ғайриқонунии бозпурсӣ фавтидааст. Ташхиси такрорӣ низ нишон дод, ки Бобоев дар натиҷаи ҷароҳат аз барқ ба ҳалокат расидааст.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи августи соли 2012 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ шикояти инфиродӣ аз номи Ҷӯрабой Бобоев – падари шаҳрванди Тоҷикистон Исмонбой Бобоевробарои баррасӣ ба қайд гирифт.

Рӯзи 11-уми апрели соли равон дар суди шаҳри Хуҷанд баррасии шикояти Ҷӯрабой Бобоев нисбати шахсони мансабдори прокуратураи вилояти Суғд оғоз гардида, рӯзи дигараш бошад, суди шаҳри Хуҷанд шикояти падари фавтида Ҷӯрабой Бобоевро нисбати шахсони мансабдори прокуратураи вилояти Суғд қисман қонеъ намуд.