Дар мувофиқа бо сарвари давлат бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов чанде аз роҳбарони мақомоти вазорат дар ВМКБ ва дигар минтақаҳои кишвар ба вазифа таъин шуданд.
Бино ба итттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, полковники милитсия Файзулло Нозимов - муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, майори милитсия Рустам Хусравов - муовини сардори РВКД дар ВМКБ, майори милитсия Эраҷ Ёразизов - сардори шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РВКД дар ВМБК, подполковники милитсия Гулбек Эмомбердиев сардори ШВКД дар ноҳияи Мурғоб ва подполковники милитсия Баҳодур Холиқов сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошим таъин карда шуданд.
Ғайр аз ин, подполковники милитсия Музаффар Бойматов - сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод ва подполковники милитсия Дилшод Маҳмадов - сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста