Шурӯъ аз моҳи апрел, беш аз ду моҳ аст, ки кормандони мақомоти интизомӣ (Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод) мунтазам ба посбонии шабона дар пойтахт машғуланд.

Ҳеҷ яке аз мақомоти интизомӣ ба ОИ «Азия-Плюс» сабаби ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб шудани кормандони худро мушаххасу саҳеҳ шарҳ дода натавонист. Мутобиқи қонунгузорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба дӯши танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор шудааст.

Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс», барои навбатдории барзиёд ва посбонии шабонаи шаҳр, ба кормандони сохторҳои қудратӣ изофапулӣ ба музди меҳнат пардохт намегардад. Як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» дар мақомоти интизомӣ, ки нахост номаш ифшо гардад, изҳор намуд, ки рӯзи кории пурра ва посбонии шабона ба натиҷаҳои фаъолияти кори ҳамарӯзаи кормандони мақомоти таъсири зиёд мерасонанд.

«Пас аз посбонии шабона, ки то 3-4-и субҳ идома мекунад, кормандон аз нигоҳи ҷисмонӣ ба иҷрои вазифаҳои муқаррарии ҳамарӯзаи худ қодир нестанд. Ғайр аз ин, ахиран ҳатто мутахассисони варзида ба ин гуна сарбориҳо тоб наоварда, аз кор мераванд», - гуфт ҳамсуҳбати ОИ «Азия-Плюс».

Маълумот дар бораи мизони ошкоршавии ҷиноятҳо дар кишвар гувоҳи онанд, ки таҷрибаи истифодаи посбонии шабона дар беҳбуди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ самараи хубе ба бор намеоварад.

Тибқи маълумоти тасдиқнашуда, посбонии шабонаи пойтахт то нимаи моҳи ноябр, маъракаи интихоботи президентӣ идома меёбад.