Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар машварати навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки пагоҳ, 26-уми июн доир мегардад, ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек раҳсипор шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни сафари Шералӣ Хайруллоев ба Бишкек ҳамчунин баргузории як қатор мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба низ дар назар аст.
Бино ба маълумоти ВАО-и Қирғизистон, дар машварат вазирони мудофиаи Қазоқистон – Адилбек Ҷаксибеков, Чин – Чан Вансюан, Русия – Сергей Шойгу, Тоҷикистон – Шералӣ Хайруллоев ва муовини аввали вазири мудофиаи Ӯзбекистон – Шавкат Норматов ширкат меварзанд.
Гуфта мешавад, дар чорабинии мазкур дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсев ва мудири Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зидиитерррористии СҲШ Чжан Синфен низ иштирок хоҳанд кард.
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Беморӣ аз ваҳму хиёл”
Чӣ гуна метавон забони яғнобиро ҳифз кард?
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста