Аз оғози сол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон 17 ҷинояти дорои хусусияти ифрогароиро ошкор намуданд.
Ба гуфтаи ёвари прокурори вилоят Анвар Назаров, аз рӯйи далелҳои ошкоршуда нисбати 21 нафар асосан тибқи моддахои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)-и КҶ ҶТ 15 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
«Аз ин шумор чор парванда нисбати 7 нафар ба суд ирсол гардида, оид ба ду парванда мурофиаи судӣ баргузор ва гунаҳкорон муҷозот шуданд. Чор парвандаи ҷиноӣ нисбати 5 нафар дар робита ба ҷустуҷӯӣ онҳо мутаваққиф ва парвандаҳои дигар дар ҳоли тафтиш қарор доранд», - зикр кард Назаров.
Ба қавли ӯ, 15 нафар гумонбарон сокинони деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён, 2 нафарӣ – сокинони ноҳияи Шаҳритӯсу Хуросон ва 1 нафарӣ сокинони ноҳияҳои Ҷомӣ ва Вахш мебошанд. «Аксари онҳо дар Русия ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҷалб карда шудаанд», - афзуд номбурда.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста