Як сокини 70-солаи ноҳияи Панҷакент тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз замони аз ҷониби марзбонони ӯзбек боздошт шудани панҷ нафар сокинони маҳаллӣ се рӯз сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳанӯз ҳукуматдорони тоҷик ҳеҷ чорае наандешидаанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Норчучук Эшмуродова иттилоъ дод, санаи 10-уми июл ҳамсари 74-солаи ӯ Мардон Бӯриев, писараш Сулаймон, наберааш Манучеҳр ва ҳамчунин ҳамсояҳояш Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов бедарак шудаанд.
«Се рӯз гузашт, вале аз тақдири минбаъдаи онҳо на мақомоти тоҷику на мақомоти ӯзбек ҳеҷ маълумоте намедиҳанд», - мегӯяд зан.
Бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон ӯ гуфт, шоми 10-уми июл онҳо дар як замини ҷамоати Фароб машғули кор будаанд, ки 20 нафар марзбонони ӯзбек онҳоро боздошт ва бо худ бурдаанд.
Ба қавли вай, он рӯз ӯ дарҳол ба посгоҳи марзии «Фароб» рафта, ҳамроҳи марзбонони тоҷик аз пайи «дуздон» шудаанд, вале онҳо аллакай дар он сӯй марз қарор доштаанд.
«Ман мудом ба рақами телефонҳояшон занг мезанам, вале онҳо дастнорасанд», - изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки онҳоро дар қаламрави Тоҷикистон боздошт намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъала ОИ «Азия-Плюс» чандин маротиба кӯшиш ба харҷ дод, ки аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ шарҳу тавзеҳ дастрас намояд, вале аз онҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.
Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» бо такя ба гуфтаҳои сокини ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент, дар минтақаи «Окатоб» марзбонони ӯзбек сарҳадро убур намуда, панҷ нафар чӯпонон ва беш аз 2 ҳазору 200 сар гӯсфанд ва 41 сар говро бо худ бурдаанд.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста