Зимни як амалиёти пулиси афғон дар вилояти Қундуз шаҳрванди Тоҷикистон Башир Аҳмад ва ҳафт тан аз ҷангиёни маҳаллӣ кушта шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории Афганистан.Ру, ин воқеъа рӯзи 14-уми июл дар вулусволии Имом-Соҳиби вилояти минтақаи шимоли Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи сухангӯи мақомоти пулиси вилояти Қундуз Сарвар Ҳусейнӣ,  даргирии мусаллаҳона миёни ҷангиёни мусаллаҳи мухолиф ва мақомоти пулиси афғон муддати 3 соат давом кардаааст, ки аз ҷониби ҷангиён шаҳрванди Тоҷикистон Башир Аҳмад низ муқовимат нишон додааст.

Гуфта мешавад, пас аз ҳуҷуми навбатии ҷангиёни мухолиф ба қатори автомашинаҳои пулис, дар бораи баргузор намудани ин амалиёт тасмим гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон айни замон ин маълумот мавриди таҳқиқ қарор дорад.