Рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ трениги минтақавӣ дар мавзӯи «Интегратсияи фаъолияти таҳқиқотӣ ва ташхиси маълумот» ба итмом расид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар маросими пӯшидашавии тренинг Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров, Иҷрокунандани вазифаи Роҳбари Дафтари РСММ дар ҶТ Алӣ Сарияздӣ, Роҳбари Лоиҳаи РСММ «Харидуфурӯш ва мониторинги тарёки афғонӣ» Хоқон Демирбюкен, Сардори шӯъбаи иттиллотӣ-таълимии Дафтари САҲА дар ҶТ Илона Казарян, инчунин намояндагони сафоратҳои Ҷопон ва ИМА дар ҶТ, ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ дар ин маросим Р.Назаров барои дар сатҳи баланд гузаштани тренинг ба ташкилкунандагони он миннатдорӣ баён намуда, ба касбияти дастурдеҳон баҳои баланд дод. Инчунин Роҳбари Агентӣ миннатдори худро ба намояндагони сафоратҳои Ҷопон ва ИМА арз дошт, ки онҳо дар гузаронидани тренинг саҳм гузоштаанд. Иштироккунандагони тренинг ба дастурдеҳон ва сатҳи ташкилии курси омӯзишӣ низ баҳои баланд дода, миннатдории худро баён намуданд.
Директори АНМН изҳор дошт, ки донишҳои омӯхтаи таҳлилгарон дар оянда барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кор самараи худро медиҳад.
Баъд аз маросими ҷамъбасти тренинг, Директори Агентӣ Р.Назаров бо Алӣ Сарияздӣ, Хоқон Демирбюкен, инчунин бо намояндагони сафоратҳои Ҷопон ва ИМА дар ҶТ вохӯрӣ гузаронид, ки дар рафти он тарафҳо оид ба натиҷаҳои судманди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори ақида намуданд.
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста