Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳафтаи гузашта қонун «Дар бораи тасдиқи Созишномаи миёни ҳукумати Қазоқистон ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи кӯмаки ҳарбӣ-техникии бебозгашт»-ро ба имзо расонид.
Созишномаи мазкур миёни ҳукуматҳои кишварҳо санаи 15-уми апрели соли 2013 дар Душанбе ба тасвиб расида буд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Қазоқистон, мутобиқи шартҳои созишнома, Қазоқистон ба Тоҷикистон ба сифати ба ихтиёри ин кишвар ройгон супурдани амволи низомӣ, аз қабили тиру муҳимот, норинҷакҳои дастӣ ва равғани молиданӣ барои аслиҳа кумаки ҳарбиву техникӣ мерасонад.
Гуфта мешавад, то ба Душанбе расонидани амволи низомиро Қазоқистон ба дӯши худ мегирад. Дар банди 5-уми созишнома муқаррар шудааст, ки амволи низомии аз Қазоқистон дастрасшуда ва ҳуқуқҳо ба истифодаи онро Тоҷикистон ба ихтиёри ҷониби сеюм намедиҳад.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста