То имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 100% ба иҷро расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, нақшаи даъват дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар иҷро шуда, наваскарони артиши Тоҷикистон дар ихтиёри қисмҳои низомии омӯзишӣ ва дигар ҷузъу томҳо қарор гирифтанд. «Онҳо давраи омӯзишии машғулиятҳои сарбози ҷавонро гузашта, ояндаи наздик савганд ёд мекунанд», - иброз дошт ӯ.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябр идома меёбад. Тибқи қонун, ба хизмат шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста