Тоҷикистон дар амалисозии “Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои солҳои 2011-2014” фаъолона иштирок менамояд.
Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар доираи ин Барнома аз соли 2012 бо пешниҳоди Агентӣ Ҷаласаи роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (Ташаббусҳои АҚТ) амал менамояд.
Вобаста ба ин бо пешниҳоди Агентӣ 29 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе гузаронидани Вохӯрии байналмилалии вазирон/сарони мақомоти зиддимухаддиротӣ оид ба масъалаҳои муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашаовар, арзёбӣ ва пешгӯиҳои инкишофи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа бо иштироки ҳайати Афғонистан, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Хитой, ИМА, Туркия, инчунин намояндагони РСММ ва Иттиҳоди Аврупо дар назар аст, ки ҳамаи онҳо иштироки худро дар ин ҷаласа тасдиқ намудаанд.
Дар доираи вохӯрӣ муносибати ягона ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва муқовимат бо мухаддирот дар минтақа баъд аз баровардани Қувваҳои эътилофӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ва додани баҳои ҳақиқӣ ба омодагии ҷонибҳо, барои қабули чораҳои зиддимухаддиротии комилан мувофиқ баррасӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки гузаронидани вохӯрии мазкур ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар чунин шакл бори аввал гузаронида мешавад. Яке аз аввалинҳо шуда, ин ташаббусро Муовини Котиби Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, Директори Иҷрояивии РСММ оид ба нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов дастгирӣ намуда, ба баргузории он баҳои баланд дод ва изҳор намуд: “Шакли гузаронидани вохӯрии мазкур яке аз қадамҳои мустаҳкам дар муборизаи муштарак бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад».
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста