- Маълумоти интишоршуда дар чанде аз васоити ахбори умум дар бораи рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Маскав бо маводи мухаддири героин боздошт шудани корманди ВКД Тоҷикистон Наҷибулло Тиллоев асоси воқеӣ надорад, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев.

Ба қавли ӯ, дар сафи кормандони вазорати мазкур ному насаби чунин шахс умуман вуҷуд надорад. «Ҳуҷҷати хизматии пешниҳодшуда ба номи корманди ғайриштатии Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳақиқӣ (аслӣ) нест», - иброз дошт М.Асадуллоев.

Ёдрас мекунем, ки дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав нашъаҷалоби навбатӣ аз Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯ изҳор намудааст, ки корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон аст.

Ин шахсро кормандони милиса дар кӯчаи Лосевскии шаҳр боздошт намуда, зимни боздошт ӯ густохона рафтор кардааст ва шаҳодатномаи корманди ВКД Тоҷикистонро пешниҳод намуда, кӯшиши халосӣ ва сипас ба таҳдиди кормандони милиса пардохтааст.