Вазорати мудофиаи Тоҷикистон воқеъият доштани хабари портали иттилоотии ӯзбекии 12uz.com дар бораи аз ҷониби се чархболи Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар убур шудани марзи ҳавоии Ӯзбекистонро қотеъона рад мекунад.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин маълумот дурӯғи маҳз аст ва нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар тибқи нақша парвозҳои таълимӣ анҷом медиҳанд. «Зимни анҷом додани ин гуна парвозҳои таълимӣ убури ҳарими ҳавоии кишварҳои ҳамҷавор ба сифр баробар аст», - зикр кард Маҳмадалиев.
Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта портали иттилоотии 12uz.com маълумот дод, ки рӯзи 27-уми ноябр се чархболи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон дар мавзеи маҳаллаҳои аҳолинишини Қизил-Мазори ноҳияи Заамини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон марзи ҳавоии ин кишварро убур намуда, минбаъд ба самти вилояти Сирдарё раҳсипор шудаанд.
Бо истинод ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон хабаргузорӣ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ин чархболҳоро дар фазои маҳаллаи аҳолинишини Соҳибкор ва мавзеъҳои назди шаҳри Бекободи вилояти Тошканд низ мушоҳида кардаанд. Гуфта мешавад, чархболҳои Тоҷикистон дар фазои Ӯзбекистон дар маҷмӯъ беш аз 1 соат қарор доштаанд.
Дар портал зикр мегардад, ки Тошканди расмиро акнун зарур аст, ки сабаби чунин рафтори густохона ва ғайриқонунӣ убур шудани марзи ҳавоии кишвар аз ҷониби чархболҳои кишвари ҳамсояро мушаххас намояд.
Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии Вазрати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар бораи ин ҳодиса маълумот дода нашудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста