- Дар ҳалли мушкилоти маводи мухаддир Афғонистон ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад, зеро дар танҳоӣ ба рафъ кардани ин мушкилот қодир нест, - чунин мешуморад намояндаи махсуси Дабири куллии СММ дар Афғонистон Ян Кубиш.

«Бо Афғонистон боқӣ мондани ҷомеаи ҷаҳонӣ баъди соли 2014 ва дастгирии он аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ва молӣ низ хеле муҳим аст ва бидуни ин ҳама пуштибонӣ, тамоми изҳороти мубориза алайҳи мухаддирот танҳо сухан боқӣ мемонад», - гуфт ӯ дар ҷараёни вохӯрии ғайрирасмии сатҳи олӣ оид ба масоили мубориза алайҳи мухаддирот дар Душанбе.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки  пас аз соли 2014 низ ба иҷрои як қисмати ваколатҳои худ дар Афғонистон идома бахшида, «вале ин масъаларо Шӯрои амнияти СММ ҳал мекунад».

Ӯ бо таассуф зикр кард, ки имрӯз вазъи марбут ба мухаддирот дар Афғонистон «он қадр хуб набуда», се соли ахир тамоили афзоиши истеҳсоли мухаддироти афғонӣ ба мушоҳида мерасад.

«Ин сабабҳои зиёд дорад, вале дар навбати аввал бозгӯи он аст, ки Афғонистон, кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти мухаддирот сар ба сар шуда наметавонанд», - иброз дошт ӯ.

Намояндаи махсуси Дабири куллии СММ бар ин назар аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти мухаддироти Афғонистон таваҷҷуҳӣ кофӣ зоҳир намесозад. «Умедворам, ки Шӯрои амнияти СММ минбаъд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат хоҳад кард», - афзуд ӯ.

Ҳамчунин Ян Кубиш изҳори умедворӣ кард, ки пас аз интихолоти президентӣ дар Афғонистон ҳукумати нави ин кишвар ба тадбирҳои муқовимат алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тақвият хоҳад бахшид.