Зимни амалиёти имрӯз доиргардидаи марзбонони тоҷик дар ҳамдастӣ бо хадамоти марзбонии Афғонистон сокини деҳаи Зардолуи ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротов, ки рӯзи 10-уми ноябр аз ҷониби қочоқбарони афғон ба гарав гирифта шуда буд, аз асорат озод карда шуд.
Сардори маркази матбуоти Райсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки М.Баротов аз ҷониби як гурӯҳи нашъаҷаллобони афғон таҳти раҳбарии сокини деҳаи Ғундиёни вулусволии Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшон Ғоиб валади Ғуломрасул, бештар маъруф бо лақаби «Кӯри Ғоиб» ба асорат гирифта шуда буд.
«Қочоқбарони афғон шаҳрванди Тоҷикистонро дар ағбаи кӯҳии душворгузар, дар қаламрави Шӯрообод дар гарав нигоҳ медоштанд», - иброз дошт Раҳматуллоев ва илова намуд, ки амалиёти поксозии қаламрави ноҳияи Шӯрообод аз қочоқбарони афғон идома дорад.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста