Рӯзи 3-юми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурилло Орипов аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ ва Шералӣ Сабзов ва Саид Ҷӯрахонов аз мақоми муовинҳои Вазири корҳои дохилӣ озод карда шуданд.
Ба вазифаи Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков, ки то ин вақт Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе буд, таъин карда шуд. Икром Умаров Муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.
Бо мувофиқат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини собиқи роҳбари ин вазорат Саид Ҷӯрахонов Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Муовини собиқи Вазири корҳои дохилӣ Шералӣ Сабзов Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт таъин карда шуданд.
Ҳамчунин дар мувофиқат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Файзулло Нозимов Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Рустам Шафиев Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт, Муҳамадшо Искандаров Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода ва Тоҳирҷон Норматов Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ таъин карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳо онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфта ҳидоят намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ба поксозии сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз шахсони тасодуфӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста