Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт ташриф оварда, бинои нави панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсияро ифтитоҳ намуда, бо шароити муҳайёгардида бевосита шинос шуд.
Тавре аён гардид, дар ин бинои панҷошёна, ки ҳамчунин таҳхона дорад, утоқҳои барҳавою муҷаҳҳази корӣ, толори калони варзишӣ бо олоту ашёи обутоби бадан ва бозиҳои варзишӣ, толори махсуси тирпаронӣ аз аслиҳаи муҳорибаи наздик, утоқу толорҳои зебо барои хоб, истироҳату фароғат, гармобаю обхона, толори бузурги маҷлисӣ ва ошхонаи дорои 250 ҷойи нишаст ҷойгир шудааст.
Дар ошхонаи зебою барҳаво хатнасури хайрияи қариб 90 писарча аз оилаҳои кормандони фавтида, маҷруҳшуда ва ниёзманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия ба таври дастаҷамъона ба роҳ монда шуд. Ба ҳар яки ин дӯстрӯякон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуд. Чунонки зикр гардид, тайи 18 соли фаъолияти ин даста, мутаассифона, 27 нафар кормандони он ба ҳалокат расида, 36 нафар захмҳои гуногун бардоштаанд ва баъзеяшон маъюб шудаанд.
Чунонки зикр гардид, дастаи мазкур 5 декабри соли 1995 бо ҳайати шахсии иборат аз ҳамагӣ 66 нафар дар даврае ба фаъолият шурӯъ карда буд, ки дар кишвар гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ашхоси алоҳида бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ҷинояткорона ва монеъ шудан ба раванди барқарорсозии суботу оромӣ даст ба куштору гаравгонгирӣ, содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин зада, дар байни сокинони мамлакат фазои тарсу ҳарос ва эҳсоси нобоварӣ ба фардоро ба вуҷуд меоварданд. Имрӯз бошад, тамоми шароити зарурӣ барои ин даста муҳайё гардидааст.
Кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар муддати 18 соли фаъолият дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша ва гурӯҳҳои террористӣ муборизаи беамон бурда, бо андешидани тадбирҳои фаврӣ ва гузаронидани амалиётҳои махсус аксари ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ ва ошкор намудаанд ва дар ин раванд аз худ шуҷоату мардонагии воқеӣ нишон додаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияро бо солгарди 18-уми таъсиси ин воҳиди низомӣ ва бо ифтитоҳи бинои наву муҳаёшавии беҳтарин шароити корию хизматиашон табрику таҳният гуфт.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста