Зимни амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонӣ алайҳи гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, аъзои гурӯҳ таҳти роҳбарии шаҳрванди 40-солаи Афғонистон, сокини деҳаи Дарқади вилояти Тахор Довуд валади Ҷумъахон ба кормандони мақомоти амният муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд.
«Роҳбари гурӯҳ ба сӯи кормандони амният норинҷаки ҷангӣ партофта, вале бо оташи ҷавобӣ кушта шуд. Ба ҳаммаслакони ӯ муяссар шуд, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ баранд», - гуфтанд дар КДАМ.
Зимнан зикр гардид, ки аз ҷойи ҳодиса ду норинҷаки дастии Ф-1 ва 15 кило маводи мухаддир дарёфт шудааст.
Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози соли равон кормандони КДАМ Тоҷикистон беш аз 2 тоннаву 232 кило маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намуданд.




Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста