Дар маркази миллии байниидоравии кинологияи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз 2 то 14 декабри соли ҷорӣ курсҳои навбатии омӯзишӣ барои кормандони Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Курсҳоро дастурдеҳон - кинологҳои Агентӣ дарс дода истодаанд.
Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, барномаи маҷмӯӣ - таълимии курс дар худ табодули афкор оид ба дониши андухтаи иштирокчиён дар курсҳои гузаштаи таълимӣ оид ба тамрини сагҳои хизматӣ ҷиҳати пайдо кардани воситаҳои нашъадорро дар бар мегирад. Инчунин, дар тренинг ба кинологҳо омӯзонидани хусусиятҳои анатомӣ ва физиологии сагҳои хизматӣ, асоси нигоҳубини онҳо, пешгирӣ ва расонидани ёрии аввалин дар ҳолатҳои фавқуллода ба сагҳои хизматӣ аз тарафи кинологҳо омӯзонида мешавад.
Илова бар он, дар давраи курсҳо мавзӯҳои дар сагҳо ташаккул додани рефлексҳои шартӣ ва ғайришартӣ, ғариза (инстинкт), усул ва методҳои тамрини сагҳои хизматӣ, омӯхтани системаи олии фаъолияти асаби онҳо ва кумаки байторӣ (ветеринарӣ) ба нақша гирифта шудаанд.
Курси омӯзишӣ имконият медиҳад сатҳи дониши тахассусии мутахассисон-кинологҳои хадамоти гумрук баланд бардошта шавад, инчунин онҳоро ба иҷрои функсияҳои нав дар соҳаи кинологияи хизматӣ омода менамояд.Дар хотимаи курсҳо ба ширкаткунандагон сертификатҳо дода хоҳанд шуд.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста