Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии муовини Директори Агентӣ Бунафша Одинаева бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, Бунафша Одинаева дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, муфассал нақл карда, меҳмони олиқадро бо вазъи мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд.
Муовини Директор саҳми барномаҳои амаликунандаи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, ба монанди БОМКА ва КАДАП дар таъмини амнияти сарҳадот ва паст намудани талабот ва пешниҳоди маводи нашъаовар қайд намуда, ба онҳо баҳои баланд дод.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Нақшаи амалии Иттиҳоди Аврупо оид ба пешгирии паҳнкунии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 баррасӣ гардид.
Хонум Патрисия Флор ба масъалаҳои муҳокимагардида таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, изҳор кард, ки барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, баҳои баланд доданд ва изҳори умед карданд, ки ин ҳамкориҳо минбаъд ҳам густариш хоҳанд ёфт.
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
“Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад…” Абулқосим Фирдавсӣ кӣ буд ва оё аз “Шоҳнома”-и ӯ байте медонед?
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста