Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров ва муовини Губернатори вилояти Новосибирск Кирилл Колончин баррасӣ гашт.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНИН, дар вохӯрӣ инчунин сардорони раёсатҳои Агентӣ, Раёсати ХФНМН вилояти Новосибирск, намояндагони Дастгоҳи Марказии ХФНМН ФР ва Ҳукумати вилоят ширкат варзиданд.
Роҳбари Агентӣ мақсади асосии ташриф ба вилоятро дар боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо мақомотҳои давлатии вилоят ва Раёсати ХФНМН дида, аз ҷумла изҳор доштанд, ки: « Дар рафти ташриф ба вилоят мо бо ҳамкоронамон аз Новосибирск чораҳоро барои паст намудани ҷиноятҳо, ки аз тарафи шаҳрвандони ҶТ содир мешаванд муҳокима намуда, инчунин барқарор намудани алоқа барои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намудем.
Федератсияи Россия шарики асосии ҶТ барои ҳамкорӣ мебошад- дар ҳудуди Россия имрӯз кадрҳои оянда барои хадамотҳои зиддимухаддиротии ҶТ тайёр намуда истодаанд, инчунин дигар чорабиниҳо амалӣ шуда истодаанд».
Дар навбати худ муовини Губернатори вилояти Новосибирск Кирилл Колончин манфиатдории ҳамкории минтақаро бо Агентӣ қайд намуда, изҳор кард: «Вилояти Новосибирск яке аз марказҳои бузурги нақлиётӣ буда, ин ба сиёсати зиддимухаддиротии минтақа таъсири худро мерасонад.
Ба ҳалли ин мушкилот диққати асосӣ дода мешавад, чунки Губернатори вилоят шахсан комиссияи вилоятии зиддинашъамандиро роҳбарӣ менамояд.
Комиссияи мазкур имконият медиҳад, ки фаъолияти тамоми хадамотҳо ва муассисаҳои соҳавиро барои боз ҳам беҳтар гардонидани муқовимат ба паҳн гаштани нашъамандӣ ҳамоҳанг созем.
Боварии комил дорам, ки ҳамкории мо бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ равнақ ёфта, самараҳои хуб медиҳад».Имрӯз сафари хизматии ҳайати АГентӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия ба охир мерасад».
Ҳайати Агентӣ бо роҳбарии Директори АНМН Р.Назаров бо роҳбарияти ҳукумати вилояти Красноярск, Раёсати ХФНМН дар ин вилоят буда, инчунин бо донишҷӯёни Ҷумурии Тоҷикистон, ки дар Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибири Красноярск таҳсил мекунанд, дидан менамоянд.
Президенти Русия қонуни назорати муҳоҷирон тариқи телефонро имзо кард
Британия қоидаҳои муҳоҷиратро сахттар мекунад. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Мафҳили адабии “Ҳумоюн” дар Душанбе бо иштироки шоирон Фарзона ва Озарахш
Ҷонибек Муродов: Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ!
Ҳарвард маъмурияти Доналд Трампро ба додгоҳ кашид. Ин донишгоҳро аз ҳақи қабули донишҷӯёни хориҷӣ маҳрум карданд
Даври панҷуми музокироти Эрон ва Амрико ҳам “бо пешрафтҳои начандон қатъӣ” анҷом ёфтааст
Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста