Дар Тоҷикистон рақамҳои давлатии чипдор барои автомашинаҳо ҷорӣ шуданд, ки дорои маълумот дар бораи автомобил ва соҳиби он мебошанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод, рақамҳои нав дар баробари рақамҳои пешина амал мекунанд. «Чанде қабл «Тоҷикстандарт» ба рӯйхати аломати рақамҳои Тоҷикистон маълумоти нав оид ба рақамҳои автомобилро ворид намуд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои сарчашмаи хабар, рақамҳои нав аз рақамҳои пешин бо он фарқ мекунанд, ки дар онҳо чипҳо насб шуда, зоҳиран рақамҳо бузургтар менамоянд ва зери парчам дар рақами автомбил электрочип гузошта шудааст.
«Ин ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо, пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ мусоидат карда, минбаъд нозирони роҳ барои дастрас кардани маълумот дар бораи воситаи нақлиёти мушаххас аз дастгоҳҳои махсус истифода карда метавонанд», - афзуд манбаъ.
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт
“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”
“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Боз як корхонаи насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш дар Данғара бунёд мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд
Кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 санади калидии кори низомҳои энергетикиро имзо карданд
Боз як қаҳрамонии муҳоҷир дар Русия. Ӯ се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста