Рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар роҳи мошингарди Исфара-Ворухро бастаанд ва аз ҳарду ҷониб издиҳоми иборат аз ҳудуди 200 нафар ба мушоҳида мерасидааст.
Дар хабари хадамот зикр мегардад, ки ҷиҳати ошкор кардани сабаби сӯхтор айни замон дар Оқ-Сой гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ машғули кор буда, вазъ дар ин қитъаи марзи давлатиро ҳайати шахсии гурӯҳи марзбонони Ботканд дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назорат мекунанд.
«Бо мақсади ба эътидол овардани вазъ, имрӯз вохӯрии намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон дар сатҳи намояндагони ваколатдор дар вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти қудратии ҳарду кишвар дар назар аст», - гуфта мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон раиси шаҳр Даврон Зоҳидов ва муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов дар вилояти Ботканди кишвари ҳамсоя қарор дошта, ҷиҳати ҳалли мусолиматомези масъала гуфтушунид доранд. «Ман мушаххасан гуфта наметавонам, ки чӣ миқдор одамон роҳро банд кардаанд, вале роҳи Исфара – Ворух дарвоқеъ ҳам баста аст», - тасдиқ намуд Тешаев.
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Тобистони муфид барои кӯдакон: MediaLAB Asia+ барои наврасон барномаи таълимӣ роҳандозӣ мекунад
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста