Санаи 19-уми декабри соли равон Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров намояндаи расмии Идораи Федералии политсияи криминалии Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон (БКА) Михаел Пабстро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, Директори Агентӣ ба меҳмон оид ба вазъи мухаддиротӣ дар минтаъқа ва Тоҷикистон, дар бораи чораҳои андешидаи Ҳукумати ҶТ дар самти назорат аз болои маводи нашъадор, оид ба фаъолияти Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ дар самти мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор маълумоти муфассал дод.
Зимнан зикр гардид, ки дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба назорат аз болои прекурсорҳо, пешгӯии рушди мухаддирот дар минтаъқа баъди баровардани қувваҳои НАТО аз ҶИА дар соли 2014, инчунин масъалҳои омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ аз ҷониби БКА ҶФО муҳокима гардиданд.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста