Ҳудуди 200 адад автомашинае, ки аз Олмон рабуда шудаанд, дар қаламрави Тоҷикистон дарёфт гардида ва дар ҳамин ҳол, аксари онҳо дар ихтиёри хонавода ва афроди наздик ба президенти ҷуҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор доштаанд. Дар ин бора AFP бо истинод ба рӯзнмаи олмонии Bild хабар додааст.
Bild навиштааст, ки муфаттишони олмонӣ ин мошинҳои дуздидашударо тариқи дастгоҳи муосири GPS дарёфт намудаанд ва Олмон ҷиҳати ҳамкорӣ барои мушаххас кардани афроди дастдошта дар ин амал ва бозгардонидани мошинҳо ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат намуда, вале посухи мусбат пайдо накардааст.
Дар ҳамин ҳол, сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ хабари кашфи 200 мошини рабудашудаи олмониро дар Тоҷикистон "фарзияи бедалел" шуморидааст.
Дипломати баландпоя гуфтааст, бо вуҷуди ин ки хабарнигорони нашрияи олмонӣ ба сафорат барои гирифтани назари онҳо муроҷиат карданд ва посухро ба таври хаттӣ дарёфт карданд, аз нашри мавқеи Тоҷикистонро дар матлаб худдорӣ кардаанд.




Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста