Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Директори Маркази ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиё ва уқёнуси Ором оид ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ (APICC) Ким Ёнг Квон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар вохӯрӣ инчунин намояндагони прокуратураи Генералии Корея иштирок намуданд. Директори Агентӣ Р. Назаров ба ҳайат оид ба АНМН, сатҳи ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, вазъи мухаддиротӣ дар мамлакат ва сиёсати зиддимухаддиротии кишвар маълумот дод.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо 17 давлати дунё дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар Созишномаи байниҳукуматӣ бастааст. Мо иштирокчии фаъоли тамоми лоиҳа ва барномаҳои зиддимухаддиротии минтақа, аз ҷумла барномаҳои РСММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, Ташкилоти ҳамкории Шанхай, ОДКБ, инчунин лоиҳаи Россия – НАТО ва дигар барномаҳое, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ амалӣ мешаванд, мебошем»,- қайд намуд роҳбари Агентӣ.Мақсади вохӯрӣ аз муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дурнамо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар байни АНМН ва APICC иборат буд.
«Дар 18 соли охир аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 101 тонна маводи нашъаовар мусодира гашт, ки 32 тоннаи онро героин ташкил намуд», - қайд намуд Р. Назаров.
Директори Агентӣ ба меҳмонон оид ба рафт ва натиҷаҳои вохӯрии ғайрирасмии роҳбарон/вазирони сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистан, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Россия, Хитой, ШМА, Туркия, инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва РСММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ, ки 29 ноябри соли 2013 дар Душанбе баргузор гардид, маълумоти муфассал дод.
Дар навбати худ ҷаноби Ким Ёнг Квон барои пазироӣ ба Директори Агентӣ миннатдорӣ баён намуда, оид ба вазифаҳои асосии Маркази ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиё ва уқёнуси Ором оид ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ (APICC) маълумот дод.
Ӯ қайд намуд, ки мехоҳад дар соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари узви ин ташкилот бинад. Ҳамзамон қайд кард, ки аз оғози соли 2015 Маркази ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиё ва уқёнуси Ором оид ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар асоси барнома ба сохторҳои зиддимухаддиротии ҶТ кӯмак мерасонад.
Дар охири вохӯрӣ тарафҳо изҳор доштанд, ки танҳо бо дастаҷамъӣ ва ҳамкориҳои самаранок метавонанд ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва ҷинояткорон зарбаи қатъӣ зананд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати Ҷумҳурии Корея бо фаъолияти раёсату шӯъбаҳои АНМН шинос шуд.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста