Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов имрӯз аз шаҳри Исфара боздид намуда, бевосита бо вазъи мавҷуда дар марзи Тоҷикисиону Қирғизистон аз наздик ошно мегардад.
Дар маъмурияти шаҳри Исфара роҷеъ ба доир гардидани мулоқоти Рамазон Раҳимов бо мақомоти раҳбарии ВКД Қирғизистон дар маҳалли ҳодиса маълумоти мушаххас дода натавонистанд. «Зимни боздид аз Исфара вазир бо раҳбарият, ҳайати шахсии мақомоти милиса ва намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳр вохӯриҳо анҷом хоҳад дод», - иброз дошт як манбаъ аз маъмурияти шаҳри Исфара.
Ёдрас мекунем, ки роҳи мошингарди Исфара - Ворух, ки рӯзи 18-уми декабр аз ҷониби сокинони мавзеи Оқсойи кишвари ҳамсояи Қирғизистон баста шуда буд, то ҳанӯз боз нашудааст.
Аз гуфтушунидҳои мақомоти раҳбарии шаҳри Исфара ва вилояти Суғд бо намояндагони ҳукумати вилояти Ботканд ва муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов бобати боз кардани роҳи мошингарди Исфара-Ворух ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.




Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Ҳаҷми маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 30% афзуд
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста