Алимурод Маханов, маъруф ба «устод Муродуллоҳ» ва яке аз афроди гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ, ки аз ҷониби ВКД дар давраи интимхоботи президентии кишвар боздошт гардид, дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, ки дар ҷинояте, ки муттаҳҳам мешавад, қисман худро гунаҳкор медонад.
Умедҷон Бобоҷонов - вакили мудофеъи Алимурод Маханов рӯзи 19 декабр пас аз мурофиа гуфт, «Алимурод Маханов тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо 6 моддаи марбут ба терроризм ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба гуфтаи Бобоҷонов, имрӯз ҳаракатҳои тафтишоти парвандаи мазкур ба охир расид ва худи Алимурод Маханов пурсида шуд, ӯ қисман худро гунаҳгор донистааст. Аз ифшои ҷузъиёти дигар бинобар сабаби ба сирри давлатӣ вобаста будани он адвокат худдорӣ варзид.
Ба қавли адвокат, Алимурод Маханов дар ҷараёни мурофиа дар мавриди шахсони дар парванда зикргардида, ки гӯё онҳоро ба терроризм даъват намудаааст, иброз доштааст, ки ин дурӯғ буда, ӯ онҳоро барои омӯзиши илми динӣ даъват намудааст.
Аммо шоми 23 уми сентябр Алимурод Маханов, тавассути барномаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфта буд, мехостанд чаҳор дарвозаи Душанбе, бинои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллиро дар арафаи интихоботи президенти моҳи ноябри соли ҷорӣ битарконанд.
Дар ин барнома худи Маханов гуфта буд, ки аз соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафареро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст. Ӯ гуфта буд: «Ман бачаҳоро барои омӯзиш ба Вазиристони Покистон равон мекардам, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ мебошанд».
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғон дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Марги ду тан” қисми 2
Дар Душанбе Маркази хизматрасониҳои давлатӣ боз мешавад. Он барои чӣ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 майи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста