Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба сӯистеъмоли маводи нашъадор  дар соли 2013 баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Марҳабо Ҷабборова доир шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи рнобита бо ҷомеаи Агентӣ, дар кори ҷаласа инчунин намояндагони вазорати тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф, фарҳанг, кумитаҳои оид ба ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ, телевизион, занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд.Баъди кушодашавии ҷаласа намояндагони ҳукумати ноҳияи Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба бартараф кардани камбудиҳое, ки дар ҷараёни санҷиш аз ҷониби кормандони Агентӣ  дар фаъолияти шуроҳои ҳамоҳангсозӣ ошкор шуда буданд, маълумот доданд.

Ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии шаҳр Шӯрои ҳамоҳангсозӣ пешниҳод намуд, ки диққати асосӣ ба оилаҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва таблиғоти тарзи ҳаёти солим, беҳтар кардани шариоити фароғатии онҳо, инчунин ҷалб намудани наврасон ва ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дода шавад.

Вобаста ба ин пешниҳод шуд, ки майдончаҳои варзишии наздиҳавлигӣ  бо кӯшиши якҷояи ҳукуматҳои маҳалӣ ва сокинон барқарор гарданд, мунтазам аксияҳои дорои характери иттилоотӣ гузаронида шаванд ва барои пахши онҳо  васоити ахбори омма ҷалб карда шаванд.Дар вақти муарифии ҷараёни амалишавии «Барномаи миллӣ оид ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили кумаки наркологӣ дар ҶТ барои солҳои 2013-2017», муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳиб Раҳмонов мушкилотҳое чун пурра муккамал набудани воҳидҳои штатии духтурон-наркологҳо дар ҷумҳурӣ ва камбудии ҳамоҳангӣ дар байни мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии нашъамандиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба ҳамаи кушишҳое, ки ба коҳиши тақозо ба маводи мухаддир равона карда шудаанд нигоҳ накарда, ширкаткунандагон оид ба зарурати гузаронидани назарсанҷии иҷтимоӣ бо мақсади муайян кардани вазъияти воқеии нашъамандӣ дар кишвар, инчунин роҷеъ ба сабабҳое, ки онҳоро ба ин водор месозад, ҳамфикр буданд.

Қайд гардид, ки танҳо бо кушиши якҷоя ва амалҳои мушаххас дар самти мубориза бо нашъамандӣ ба муваффақиятҳо  ноил шудан мумкин аст.Ҷиҳати ташкили кори самарабахш Шӯрои ҳамоҳангсозӣ лоиҳаи нақша барои соли 2014-ро муҳокима намуд, оид ба гузаронидани ҷаласаи ғайринавбатӣ бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин кишварҳои кумакрасон дар самти амалисозии вазифаҳое, ки дар Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 гузошта шудаанд, қарор қабул намуд.