Чанде қабл муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков бо намояндагони Шўрои бехатарии кишвари Ҳиндустон вохўрӣ доир намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ин вохўрӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, полковники милитсия Девонаев Сафиало Азизуллоевич, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна ва аз кишвари Ҳиндустон Сафири фавқуллода ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачарчи, муовини мушовир оид ба амнияти миллии ин кишвар Нехчал Сандху, котиби котиботи Шўрои амнияти миллӣ Сохраб Кумар ва котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Наорем Чогендрачит Синх иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохўрии тарафайн масоили марбут ба самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҳамкории наздисарҳадӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин хариду фурўши ғайриқонунии яроқу аслиҳаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Гуфта мешавад, дар вохўрии мазкур, ки хеле самимӣ ва пурмўҳтаво доир гардид, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани савияи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Парвози аввалин ҳавойпамо аз Бишкек ба Хуҷанд пас аз 4 соли таваққуф
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Як патент барои ду минтақа. Русия мехоҳад тартиби иҷозаи фаъолиятро дар Маскаву Санкт-Петербург ва атрофи онҳо тағйир диҳад
Нахустин парвоз дар масири Кеш-Душанбе-Кеш анҷом ёфт
Барои қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия 3 балл кофист
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин мулоқот мекунад
Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳо кумак мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2025
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста