Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» биноҳи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Суди олӣ ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз шуданд.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, насби камераҳои мушоҳидавӣ ба ин биноҳо ба таҳти назорат гирифтани қаламрави наздик ва гирду атрофи онҳо ва ҳамчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ шароити мусоид муҳайё месозад.

«Бинои Сирки пойтахт ва маркази тиҷоратии «Гулистон» низ бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд», - хабар медиҳад ВКД.

Лоиҳаи «Шаҳри бехатар» бо харҷи 22 миллион доллари амрикоӣ, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол муҳлати кафолат дорад. Истифодаи босамари ин технология дар роҳҳои шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки хароҷоти лоиҳа дар зарфи 6 сол барзиёд баргардонда шавад.