- Маълумоти чанде қабл интишоршуда дар рӯзномаи «Вечерний Бишкек» дар бораи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз ҷониби кишвари мо ҷамъ шудани техникаи зиреҳпӯш асоси воқеӣ надорад, - иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Фаридун Маҳмадалиев.
«Тамоми техникаи зиреҳпӯши дар ихтиёри Вазорати мудофиа қарордошта дар макони таъиноти доимии муқарраршуда мебошанд», - гуфт ӯ.
Ин маълумоти рӯзномаи «Вечерний Бишкек»-ро дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон низ рад карданд.
«Вечерний Бишкек» бо истинод ба сохторҳои қудратии Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар мавзеи Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон хизматчиёни низомӣ аллакай муддати ду шабонарӯз аст, ки дар техникаи зиреҳпӯш (БТР) қарор доранд. Ба навиштаи рӯзнома, онҳо дар масофаи 1-1,5 км аз Қирғизистон ҷойгир шуда, дар наздикии марз тақрибан 15 адад аз ин техникаҳо гузошта шудааст.
«Ҳайати фармондеҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон огоҳ карда шуда, вале аз ҷониби мо ҷиҳати пурзӯр кардани назорати марз ҳеҷ тадбире андешида намешавад», - зикр кардааст ҳамсуҳбати «Вечерний Бишкек».




Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста