Дар арафаи Соли нави мелодӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор амалиёти бобарор ба анҷом расониданд, ки дар натиҷаи он аз гардиши ғайриқонунӣ 20 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуда, фаъолияти гурӯҳи қочоқбар қатъ гардид ва қочоқбари афғон нобуд карда шуд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ин амалиётро нисбати пешгирӣ намудани интиқоли маводи нашъаовар кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Фархори вилояти Хатлон гузарониданд.
Қочоқбарони афғон, ки бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ буданд, сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, кӯшиш намуданд, ки дар торикии шаб ҳаҷми калони маводи нашъаоварро аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол намоянд.
Дар ҷавоб ба фармони супоридани силоҳ қочоқчиён оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ яке аз саркардагони гурӯҳи қочқбар кушта шуд. Қочоқбарони боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба каламрави давлати ҳамсоя фирор намуданд. Шахсияти қочоқбари кушташуда муайян гардид, ки он ҳамчун қочқобари номӣ, иштирокчии якчанд ҳодисаи интиқоли маводи нашъаовар ба қаламрави Тоҷикистон маълум мебошад.
Дар натиҷа дар ҷои ҳодиса як халта ошкор гардид, ки дар дохили он зиёда аз 20 адад маводи чоркунҷашакли ҷигариранг бо бӯйи махсус, инчунин маводи растанӣ мавҷуд буд.Ташхис нишон дод, ки маводи мусодирашуда 12 кг ҳашиш мебошад. Оғози амалиёти бисёрмарҳила оид ба мусодира намудани маводи нашъаовар ва нобуд кардани гурӯҳи навбатии қочоқбарро кормандони фаврии Агентӣ дар пойтахти мамлакат гузарониданд.
Ба доираи диққати кормандони Агентӣ яке аз аъзоёни фаъоли гурӯҳи қочоқбар, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе ворид гардид, ки ӯ имконияти фурӯши маводи нашъаоварро ҷустуҷӯ менамуд. Ҳангоми боздошт аз ӯ қоғазпеч бо маводи фишурдашуда ва бӯйи махсус дошта мусодира гардид. Мутобиқи маълумотномаи лабораторияи ташхиси судии АНМН маводи мусодирашуда ҳашиш мебошад.
Мушоҳидаи фаврӣ имкон дод, ки сарвари гурӯҳи ҷинояткор, ки интиқоли маводи нашъаоварро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва баъдан ба Федератсияи Россия ташкил менамуд, ошкор ва муайян гардад. Дар асоси маълумоти ҷамъшуда дар вилояти Суғд марҳилаи ниҳоии амалиёт ба анҷом расид, ки дар натиҷаи он ташкилкунандаи гурӯҳи мазкури ҷиноӣ – сокини 50-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид.
Дар манзили сокини боздоштшуда 8 кг маводи нашъаовари ҳашиш ошкор гардид. Аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад. Ҳар ду боздоштгардида ба тафқивгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ҷойгир гардиданд. Чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ ва ҷустуҷӯӣ барои муайян ва ошкор намудани шарикони ҷиноятҳо давом доранд.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста