Мутобиқи созишномаи ҳосилшуда миёни маъмурияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва ҳавзаи Қошғари Вилояти Мухтори Синтзян Уйғури Чин, равуо тариқи гузаргоҳи марзии Қулма-Қарасу маҳдуд шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар дод, сабаби ин тасмим сардии шадид ва боришоти зиёди барф дар мавзеи гузаргоҳ мебошад.

Мутобиқи созишнома, бо мақсади сабук гардонидани фаъолияти мақомот ва сохтори дахлдори ҳарду ҷониб дар гузаргоҳи Қулма-Қарасу, равуо тариқи гузаргоҳ бо реҷаи муваққатӣ роҳандозӣ мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки моҳи январ гузаргоҳ рӯзҳои 21, 22 ва 23-юми моҳ, моҳи феврал рӯзҳои 11, 12, 13, 25, 26 ва 27-уми моҳ ва моҳи март рӯзҳои 11, 12, 13, 25, 26 ва 27-уми моҳ барои равуо кушода хоҳад буд.