- Ҷузъу томҳои Вазорати муофиаи Тоҷикистон айни замон дар маҳалли доими таъинот мустақар буда, маълумоти чанде аз расонаҳои русу қирғиз дар бораи ба самти марз бо Қирғизистон равона шудани онҳо асоси воқеӣ надоранд, - изҳор дошт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев.
Ӯ чунин маълумотро иғвоангез унвон карда, илова анамуд, ки «касе хоҳиш дорад, ки чизи набударо чун воқеияти дилхоҳаш инъикос кунад».
«Маълумоти расонаҳои қирғиз дар бораи сафарбарии умумӣ эълон шудан дар манотиқи марзии Тоҷикистон ягон асоси воқеӣ надошта, умуман саволе ба миён меояд, ки журналист ба кадом хотир чунин хабарҳоро мунташир месозад?», - мегӯяд Маҳмадалиев.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории КирТаг бо истинод ба як сарчашмаи худ дар сохторҳои қудратии Қирғизистон имрӯз хабар дод, ки «Тоҷикистон дар марз бо Қирғизистон техникаи зиреҳпӯш овардааст».
«Гуфтушуниди ҷонибҳо ҷараён доранд, вале аз онҳо то ҳанӯз ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст. Аз рӯзи оғози муноқиша ҷонибҳо посбонии марзро пурзӯр мекунанд. Тоҷикистон ба марз технкаи зиреҳпӯш оварда, аз ҷониби мо бошад, он ҷо танҳо сарбозон қарор доранд», - менависад ин хабаргузорӣ.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста