Рӯзи сешанбе дар Ботканд вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ доир гардид. Дар ин бора имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаи ташкили посбонии муштараки марз дар минтақаҳои баҳсии он ба мувофиқа нарасидаанд. «Гуфтушунид пушти дарҳои пӯшида сурат гирифта, тафсилоти он ифшо намегардад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Исфара вохӯрии навбатии роҳбарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар назар буда, ҷонибҳо бори дигар ба дарёфти роҳҳои ба эътидол овардани вазъ дар марз кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Қаблан ВАО-и Қирғизистон итттилоъ доданд, ки рӯзи 14-уми январ вохӯрии намояндагони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистн баргузор шуда, дар ҷараёни он намояндагони Тоҷикистон қотеъона изҳор доштаанд, ки ба оғози сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой монеъа эҷод хоҳанд кард. «Марзбононии тоҷик ба вохӯрӣ пурра бо муҳимоти низомӣ ва сарулибоси зиреҳпӯш ҳозир шуданд», - хабар дода шуд дар иттилои хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Ҳамчунин дар хабар зикр гардид, ки дар нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ҷиҳати ҳифзи тамомияти арзии кишвар, аз ҷумла ҳамлаи мусаллаҳонаи имконпазир тамоми тадбирҳои омодагӣ андешида шудаанд.
Баъдан Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки дар робита ба вазъи мавҷуда дар марз ва ҳамчунин саҳеҳ намудани маълумоти расида аз марзбонони тоҷик зимни вохӯрии намояндагони хадамоти марзбонии ҷонибҳо рӯзи 14-уми январ таъҷилан гуфтугӯи телефонии роҳбарони хадамоти марзбонии кишварҳо доир гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбати телефонӣ ҷониби Қирғизистон оид ба вазъи мавҷуда дар марзи давлатӣ ибрози андеша намуда, зарурати танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал шудани ин масъаларо таъкид доштааст.
«Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҳалли вазъи мавҷуда тариқи роҳҳои дипломатӣ ва роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъ дар марз изҳори омодагӣ намуд», - омадааст дар хабари хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Ҳушёрхонаи тиббӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад: ҷараёни қабул ва ёрӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста