Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти чанде аз расонаҳо дар бораи дар паҳлӯи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Кобул воқеъ будани тарабхонаи ғизойи арабиро, ки шоми рӯзи ҷумъа дар он амали террористӣ содир шуд, рад кард.
Роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тарабхонаи зикршуда хеле дур аз бинои сафорати Тоҷикистон дар Кобул, тамоман дар қисмати дигари шаҳр ҷойгир аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар наздикии бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Афғонистон ҳеҷ гуна муассисаҳои фароғатӣ ҷойгир нашудаанд.
А.Атоев ҳамчунин зикр кард, ки ВКХ Тоҷикистон бо дипломатҳои тоҷик дар Кобул дар тамос шуда,онҳо хабар додаанд, ки миёни осебидагон аз таркиш дар тарабхонаи Кобул шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.
Чанде қабл хадамоти форси хабаргзории Би-Би-Сӣ иттилоъ дод, ки тарабхонае, ки дар он шоми рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта таркиш рух дод, дар паҳлӯи сафоратхонаҳои Тоҷикистону Норвегия ва Канада воқеъ аст.
Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, бар асари таркиш дар тарабхона дастикам 14 нафар ҳалок ва нафарони зиёде ҷароҳат бардоштаанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста